1

Тема: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти худро тибқи Низомнома, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 31.12.2014, №517 тасдиқ шудааст ба роҳ мондааст.

Ҳадафи асосии ташкили сохтори мазкур рушди истеъдод, бедор намудани хоҳиш ва майлу завқи наврасон ба донишомӯзӣ, фарҳанг варзиш ва касбомӯзӣ буда, дар ҳайати сохтор директор, мудири бахш, сармутахассис ва мутахассиси пешбар ифои фаъолият мекунанд.

Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Самтҳои асосии фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят инҳоанд:

Марказ масъалаҳои самтҳои асосии фаъолияти ташкилӣ, илмӣ, эҷодӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди истеъдод, таъмин намудан ба донишомӯзиро дар соҳаи маориф мавриди омӯзиш қарор медиҳад;
Назорат ва таъмини раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №353 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳои барои солҳои 2015-2020»;

3

Re: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳида дар самти соҳаҳои фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ ташкили озмун ва чорабиниҳо;

Қабули кӯдакони болаёқат ва боистеъдод ба маҳфилҳои Марказ тибқи озмун тариқи сӯҳбат, санҷишҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ ба таври ройгон;

Бидуни санҷиш қабул ва ҷалби ғолибони олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ба маҳфилҳои Марказ ба таври ройгон;

4

Re: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Тавсияи кӯдакони боистеъдод барои таҳсил ба хориҷи кишвар;

Ҳар се моҳ ташкили мониторинг ва таҳлили сатҳу сифати дониши кӯдакону наврасони лаёқатманди ба маҳфилҳои Марказ ҷалбшуда;

Ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, тамошои театр, кино ва консерт;
Ташкил ва баргузории семинару конференсия, озмуну мусобиқаҳо, мизҳои мудаввар;

5

Re: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Туфайли дастрас намудани адабиёти навини таълимӣ ва технологияи муосир ташкили Шӯрои методӣ барои такмили раванди таълим ва маҳорати кормандони педагогӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ;

Омода сохтани барномаҳо, нақшаҳои таълимӣ, дастур ва дигар маводҳои методӣ барои ташкили раванди таълим аз ҷониби мутахассисон;

Ҳамчун моликияти зеҳнӣ таъмини ҳифзи маҳсули корҳои илмии хонандагону омӯзгорон;

6

Re: Барномаи давлатии дарефт ва рушди истеъдодхо

Тасдиқи ҷадвали дарсӣ, реҷаи корӣ, Низомномаи бахшҳо, нақшаҳои таълимии маҳфилҳо;

Бастани шартномаҳо бо мақсади беҳтар гардидани сифати кори Марказ бо ташкилот ва муассисаҳои дигари ҳуқуқӣ;

Бо мақсади инкишофу такмили ҷараёни таълим, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва сатҳи эҷодии коркунон ташкили Шӯрои педагогӣ;