1

Тема: Вохури Путин бо Эмомали

Шояд дастаи футболи «Истиқлол»-и Рустами Эмомалӣ то чанд муддати дигар мавзӯи асосии баҳсҳои дохиливу хориҷиро гарм нигаҳ дорад. Дар Тоҷикистон ба бозии ин даста ҳатто онҳое мухлисӣ карданд, ки самимона онро дӯст намедоштанд. Аммо чун мавзӯи ифтихори милливу ватандӯстӣ пеш омад, бисёриҳо таггапиҳои худро фаромӯш сохтанд. Ба ҳар сурат, бигзор «Истиқлол» феълан аз имконоту дастгириҳои хос низ бархӯрдор бошад, вале дар ин мусобиқот Тоҷикистонро муаррифӣ мекард. Аз ин ҷост, ки бархе аз таҳлилгарон ҳанӯз соли 2006, вақте дастаи наврасони тоҷик дар мусобиқоти байналхалқӣ ғалаба ба даст оварда буданд, мегуфтанд футболро бояд ба қатори идеяҳои миллӣ ворид кард. Ин замоне буд, ки дар маҳфилҳои хос мавзӯи идеяи миллиро ҷиддӣ баррасӣ карданӣ буданду барои он мавзӯи хос намеёфтанд…
Вохури Путин бо Эмомали
Дар хориҷи кишвар бошад пас аз қаҳрамон шинохтани «Истиқлол» шояд баҳси нав пайдо шавад: «голи дуюми командаи Тоҷикистон дар ҳолатиғайрибозӣ (offside) будани муаллифи гол зада шуд!».

Вохури Путин бо Эмомали

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Ҳоло ин мавзӯъро ба баҳс намекашем, аммо мавзӯи истиқлолиятро зарур аст, ки дигарбора мубоҳиса кард.

Зеро, тавре аз масъалагузориҳои аслии ҷомеа бармеояд, мавзӯи истиқлолияти комили Тоҷикистон ҳоло оҳанги ҷиддӣ касб мекунад. Дар ин маврид сухан пеш аз ҳама ба сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин иртибот мегирад. Пешопеш мегӯем, ки омадан ё наомадани Путин дар ҳафтаи гузашта ба мавзӯи хос табдил ёфта буд.

3

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Маълум аст, ки не. Вале бо фарқ аз Бишкеку Остона Кремл дар Тоҷикистон масъалаҳои хос дорад. Аз ҷумла ин ки то замони ворид шудани Путин ба ин кишварҳо фиристодагони дигараш ҳамаи масъалаҳоро ҳал карда буданду президентҳо фақат ба созишномаҳо имзо гузоштанд.

Душанбе бошад ҳанӯз ҳам на ба мавзӯи ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон нуқта гузоштааст, на масъалаи фурӯдгоҳи Айниро ҳал кардааст ва тахмин задан мумкин, ки сафари муовини сарвазири рус Шувалов дар бораи тақдири нерӯгоҳи Роғун низ бесамар анҷом гирифт.

4

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Илова ба ин, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукиву Иттиҳоди Авруосиё, ки стратегияи хоси Путин ба ҳисоб меравад, низ зери суол қарор дорад. Дар Тоҷикистон ҳамаи масъалаҳои зикршударо ба як мавзӯъ рабт медиҳанд: истиқлолияти кишвар!

5

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Зеро то ин замон гуфта мешавад, ки ҳузури низомии русҳо мустақилияти кишварро хатчадор мекунад, додани саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ба Русия имконнопазир аст (он моликияти миллӣ эълон шудаасту барои додани саҳмияҳо бояд қонунро иваз намуд) ва ворид шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ ба зарари Тоҷикистон тамом мешавад.

6

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Аввал гуфта шуд, ки президенти рус пеш ё пас аз сафари худ ба Исломобод вориди Душанбе мешавад. Аммо тавре гуфта будем, то Кремл масоили энергетикиашро бо Бишкеку Душанбе ҳал накунад, сафараш ба Покистон як қадар бемаънову бемантиқ менамояд.
Путин зимни сафари худ ба Қирғизистон тақрибан ҳамаи масъалаҳояшро ба манфиати худ ҳал кард. Мавзӯи бунёди нерӯгоҳи Қамбарота – 1 ҳам аз рӯи формати 50 ба 50 маслиҳат шуд.

7

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Дар ин миён мемонад нерӯгоҳи Роғун, ки бе бунёди он амбитсияҳои энергетикии Кремл дар минтақаро хеле коҳиш медиҳад.

Ҳамин тавр ҳам шуд ва охири ҳафтаи гузашта маркази матбуотии Кремл хабар дод, ки нишасти чоргонаи Русия, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Дар навбати худ эълон гардид, ки Путин дар рӯзҳое вориди Душанбе хоҳад шуд, ки 60 – солагии мавлуди президент Раҳмонро бояд таҷлил кунанд.

8

Re: Вохури Путин бо Эмомали

Ҳоло гуфта мешавад дар ин сафар ягон шартнома ба имзо намерасад, ҳарчанд мақоми сафарро давлатӣ эълон кардаанд. Воқеан, аҷиб аст, ки чӣ гуна сафари давлатии президент аст, ки бидуни бастани ягон шартнома анҷом мегирад.

Масалан дар сафарҳои ахири президенти рус ба Остонаву Бишкек қарордодҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ баста шуданд. Пас наход Путин танҳо ба хотири табрики Раҳмон ба пойтахти Тоҷикистон биёяд?