1

Тема: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд.

Бино ба маълумоти  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ҳолати нимаи соли гузашта беш аз 862,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли 2015 дар қаламрави ин кишвар беш аз 999,1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Шумори мардон - шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия тайи соли ахир ҳамагӣ ба миқдори 14,3% (аз 817 ҳазор дар аввали соли 2015 то ба 700 ҳазор дар аввали соли 2016) ва занон - шаҳрвандони Тоҷикистон ба миқдори 11,5% (аз 182 ҳазор то ба 161 ҳазор) кам шудааст.

3

Re: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.

4

Re: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

http://news.tj/tj/news/soli-guzashta-sh … 4-kam-shud