1

Тема: Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон соли 2015 ба беш аз 10,2 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатнома барои корро додааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, нафароне, ки иҷозатномаи кор дар қаламрави Тоҷикистонро дастрас кардаанд, асосан шаҳрвандони Чин, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Италия, Қирғизистон ва Русия мебошанд.

Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Нисбат ба соли 2014 шумори хориҷиёни барои иҷозатномаи корро гирифтан муроҷиаткарда дар соли 2015 қариб ба миқдори 3,5 ҳазор нафар афзудааст.

3

Re: Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Гуфта мешавад, соли гузашта дар қаламрави пойтахт ва навоҳии тобеи марказ бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои муҳоҷират, фаъолияти корӣ ва иқомати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ, дар 113 ширкат санҷишҳо гузаронида шудаанд.

4

Re: Иҷозатномаи кор барои беш аз 10,2 ҳазор хориҷиён дар Тоҷикистон

Дар ҷараёни санҷишҳо муайян карда шудааст, ки дар ин ширкатҳо беш аз 4,1 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, ки зиёда аз 1,8 ҳазор нафарашон иҷозатнома барои корро надоштаанд.