1

Тема: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Аввали соли равон Русия вуруди 333 ҳазору 391 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашро манъ кард.

Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нисбати онҳо Маскав вуруд ба қаламрави Русияро манъ кардааст, дар тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар саросари кишвар дастрас аст ва ҳамаи хоҳишмандон қабл аз сафар метавонанд бо он шинос шаванд.

3

Re: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Гуфта мешавад, соли гузашта мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон 36 ҳазору 292 тоҷикистониёнро огоҳ кардаанд, ки вурудашон ба Русия манъ аст ва аз сафар худдорӣ намоянд.

4

Re: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Хадамоти муҳоҷират хотирррасон менамояд, ки соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд.

5

Re: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.

6

Re: Манъи вуруди беш аз 333 ҳазор тоҷикистониён ба Русия

Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.