1

Тема: Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

Дар вохӯрии курсантони Академияи ВКД бо сардорони як қатор Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки рӯзи 13-уми феврал дар толори ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид, оид ба кори амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ изҳори назар карда шуд.

Тавре сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар оғози ин ҷамъомад иброз намуд, иқдоми мазкур ба муносибати «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ва дар асоси Нақша-чорабиниҳои ин муассисаи олии тахассусӣ ҷиҳати такмили донишҳои курсантону бо кори амалӣ шинос намудани онҳо андешида шудааст.

Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

Бул маселе боюнча тасма үчүн:

2

Re: Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

- Ҳафтаи гузашта дар ВКД вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҷавонони дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла курсантони Академия доир гардид, ки хеле озоду самимӣ сурат гирифт. Вохӯрии имрӯзаи мо низ идомаи мантиқии ин силсиламулоқотҳои роҳбарияти ВКД мебошад, ки ба масъалаи баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон, хусусан курсантон нигаронида шудааст, - илова намуд Шарифзода Ф.Р.

Дар идомаи вохӯрии курсантон бо сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои гуногун чанде аз онҳо баромад намуда, оид ба нозукиҳои кор дар мақомоти корҳои дохилӣ, талаботи хизмат дар ин мақомоти бонуфуз, ҷиҳатҳои равонӣ, забондонию ҷаҳонбинии кормандони ҷавон ва таҷрибаомӯзии курсантон дар шуъбаҳои милитсия ибрози назар намуданд.

3

Re: Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

Дар чорабинии мазкур, ҳамчунин оид ба масъалаҳои доғи рӯз - терроризму экстремизм ва фаъолияти равияву ҷараёнҳои тундрави хатарнок низ андешаронӣ сурат гирифта, курсантон бо фаъолнокиву суолу пурсишҳояшон вохӯриро хеле шавқовар карданд.

Ба саволҳои курсантон, ки ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дахл доштанд, сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Турсунзода, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Ванҷу Ҷайҳун посухҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД, ки барои илму донишомӯзии насли имрӯза тамоми шароитҳоро муҳайё намудаанд, дар роҳи баланд бардоштани малакаи саводнокӣ ва забондониву ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Зимни суханрониҳо масъулини шуъбаҳои милитсия аз ин ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД, ки барои дар оянда ҳамчун кормандони масъулиятшиносу донандаи пешаи интихобнамудаи худ ба камол расонидани курсантон заминаи воқеӣ мегузорад, истиқбол намуданд.
Умед ОЧИЛОВ

4

Re: Вохӯрии сардорони Шуъбаҳои милитсия бо курсантон

С учётом, того, что по предложению Основателя мира и национального единства, Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона 2017 год был объявлен Годом молодежи руководством УМВД Согдийской области во Дворце Рудаки г. Худжанда была организована встреча со студентами и преподавательским составом ХГУ имени академика Б. Гафурова.


В данном мероприятии приняли участие около 600 студентов, члены активной группы «Авангард» и преподаватели.

Открыл встречу начальник УМВД Согдийской области генерал-майор милиции Назарзода Шариф Рахмон, и выразил, удовлетворение за взаимовыгодные сотрудничества администрации учащихся ВУЗов с органами внутренних дел Согдийской области за активное участие в предотвращении преступности и повышения правового образования молодёжи.


Шариф Назарзода подчеркивая образовательную деятельность ХГУ имени академика Б.Гафурова, отметил, внесенный вклад данного ВУЗа в подготовке высококвалифицированных специалистов, что в настоящее время более 200 выпускников данного ВУЗа продолжают свою работу на ответственных должностях в органах внутренних дел Республики Таджикистан, также призвал студентов и активную молодежь активно принимать участие во всех мероприятиях посвященных 2017 году-Году молодёжи.
В продолжение мероприятия ряд активных студентов и молодых преподавателей ХГУ имени академика Б. Гафурова, которые находятся в тесном взаимодействии с сотрудниками милиции в торжественной обстановке были награждены руководством УМВД Согдийской области благодарностями, памятными подарками.
Во второй части встречи состоялся открытый разговор со студентами и сотрудниками органами внутренних дел.

В завершении встречи выступил ректор ХГУ Анвар Максуди, и выразил благодарность студентам, преподавателям данного ВУЗа и руководству внутренних дел за всестороннее сотрудничество и передал недавно изданную книгу университета начальнику УМВД Согдийской области.
Мухсин Юсупов, старший лейтенант милиции, сотрудник УМВД Согдийской области.